- қаҳрамон
- I[قهرمان]1. диловар, далер, паҳлавон2. шахсе, ки бо диловарию мардонагӣ ва фидокорию корнамоии худ шӯҳрат ёфтааст: қаҳрамони ватан, қаҳрамони меҳнат, қаҳрамони халқи тоҷик, халқи қаҳрамон, ҷанговари қаҳрамон, се карат қаҳрамон, қаҳрамон шудан (гаштан); шаҳри қаҳрамон ниг. қаҳрамоншаҳр; Қаҳрамони Тоҷикистон унвони фахрӣ ва дараҷаи олии мукофотест, ки барои хизмати барҷаста дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, фарҳанг ва инкишофи илму фан аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ дода мешавад3. иштироккунандаи асари бадеӣ; қаҳрамони афсонавӣ диловару паҳлавоне, ки дар бораи корнамоию шуҷоати ӯ афсонаҳо офарида шудаанд; қаҳрамони лирикӣ адш. шахсе, ки ашъори лирикӣ аз номи ӯ навишта шудаастII[قهرمان]кит1. вакил ё амини дахлу харҷ2. масъули корҳо; хазинадор ва нигаҳдорандаи он чи дар тасарруфи ӯ бошад; корфармо
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.